Вокуниши Эрон ба иддаоҳои Трамп ва Натаняҳу
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13514-Вокуниши_Эрон_ба_иддаоҳои_Трамп_ва_Натаняҳу
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон анбори аслиҳаи атомии режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдид барои сулҳу амнияти ҷаҳон донист.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 16, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иддаоҳои Трамп ва Натаняҳу

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон анбори аслиҳаи атомии режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдид барои сулҳу амнияти ҷаҳон донист.

Баҳром Қосимӣ, рӯзи панҷшанбе бо ишора ба иддаоҳои беасоси Доналд Трамп, раисҷмҳури Амрико ва Бенямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ зидди барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон гуфт, Исроил садҳо кӯлоҳак дар анбори аслиҳаи ҳастаии худ дорад ва бузургтарин таҳдиди сулҳу амният дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон ба шумор меравад. Қосимӣ афзуд, ин суханон ва иддаоҳои нораворо режиме такрор мекунад, ки ба ҳеҷ қонуну муқаррароти байналмилалӣ пойбанд нест ва парвандаи ҷиноёти бепоёну иқдомоти ғайриинсонияш зидди мардуми мазлуми Фаластин ва дигар ҳамсоягон дар гузоришҳои мутааддиди Созмони Милали Муттаҳид мунъакис шудааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кард, Суханони Доналд Трамп ва Бинёмин Натаняҳу дар нишасти хабарии муштарак дар Вашингтон ҳеҷ нуктаи ҷадиде ҷуз такрори иддаоҳои пӯчу беарзиш дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон надошт. Ӯ гуфт, силоҳҳои ҳастаӣ аз дидгоҳи мазҳабӣ, бар асоси фатвои Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, ҳаром аст ва ҳеҷ ҷойгоҳе дар докторинаи низомии Эрон надошта ва надорад. Баҳром Қосимӣ таъкид кард, Эрон дар чорчӯби БАРҶОМ, ки мавриди таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ қарор гирифтааст, ба барномаи сулҳомези ҳастаии худ бо ҷиддият идома хоҳад дод.