Феврал 16, 2017 21:09 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мавзеи Эрон дар музокироти Остона дар бораи Сурия

Муовини арабӣ ва африқоии Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси ҳайати эронӣ дар музокироти Остона дар бораи Сурия ҳифзи ҳокимияту тамомияти арзии Сурияро асоси ҳалли буҳрони ин кишвар донист.

Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ рӯзи панҷшанбе дар сеюмин даври музокироти Остона дар бораи Сурия гуфт, тамомияти арзӣ, ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва ҳаққи мардуми Сурия барои таъйини сарнавишти кишваршон аз усули ҳалли сиёсии буҳрони Сурия аст. Ҷобири Ансорӣ таъкид кард, ҳадафи гуфтугӯҳои Остона осонсозии музокироти сурӣ бо сурӣ барои расидан ба барқарории сулҳу амнияти Сурия аст ва Эрон, Сурия, Русия, Туркия ба унвони назоракунандаи ин музокирот муваффақиятҳои қобили таваҷҷуҳе барои маҳор кардани буҳрони Сурия доштаанд.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон гуфт, мавориди нақзи оташбас дар Сурия камтар шудааст ва ҳазорон нафар аз оворагон ба маҳалли зиндагии худ, аз ҷумла Ҳалаб баргаштаанд. Ҷобири Ансорӣ гуфт, Эрон ҳамроҳи ҷомеаи байналмилалӣ муваффақ шудааст, кӯмакҳои башардӯстонаи бештаре ба дасти шаҳрвандони Сурия бирасонад.

 

 

Барчасп