Ҳамсояҳо баргузории ҳамапурсӣ дар Қарабоғи Кӯҳиро маҳкум карданд
Баргузории ҳамапурсӣ дар бораи Қонуни асосӣ, дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо мухолифати Эрон, Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия ва Гурҷистон рӯбарӯ шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии орон ниоз, Муҳаммад Наҷафӣ-сухангӯи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Боку, дар вокуниш ба ҳамапурсии Қонуни асосӣ дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт, Эрон Қарабоғро ба унвони як кишвар мустақил ба расмият намешиносад ва аз ин рӯ, референдуми суратгирифта дар онҷо ва низ ҳар иқдомеро, ки сабаби таҳдиди сулҳ ва амнияти минтақа бошад, қабул надорад.
Вай афзуд, Теҳрон хоҳони ҳалли муноқишаи Қарабоғ дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурии Озарбойҷон аст.
Равобити умумии вазорати умури хориҷаи Русия низ ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳот дар Қонуни асосии ҷумҳурии худхонда Қарабоғро ғайриқонунӣ хонд ва таъкид кард, Маскав ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ба унвони як кишвар ва давлат ба расмият намешиносад ва ҳалли буҳрони Қарабоғ бояд, дар чорчӯби чораандешиҳои сиёсӣ ва бо талоши раисони гурӯҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҳал шавад.
Вазоратхонаҳои умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия ва давлати Гурҷистон низ баргузории ҳамапурсӣ дар ҷумҳурии худхондаи Қарабоғро ғайриқонунӣ ва нақзкунандаи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва усули Созмони амният ва ҳамкории Аврупо донистанд.
Муноқишаи Қарабоғ дар соли 1988 пас аз иддаои арзии Арманистон алайҳи ҷумҳурии Озарбойҷон матраҳ шуд ва дар натиҷаи даргирӣ байни нерӯҳои арманӣ ва озарӣ, минтақаи Қарабоғи ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳафт шаҳристони ҳамҷвори он, ба ишғоли нерӯҳои Арманистон даромад.
Дар моҳи майи соли 1994 миёни тарафайни муноқиша, режими оташбас барқарор шуд ва то кунун миёнҷигарии гурӯҳи Минск ба раёсати муштараки Русия, Фаронса ва Амрико низ барои ҳалли мусолиматомези ин муноқиша, натиҷае надоштааст.