Август 04, 2016 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ройзании ҳайати порлумонии Эрон дар Лубнон ва Сурия

Раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ки дар садри ҳайате ба Лубнон ва Сурия сафар кардааст, бо масъулон ва мақомоти олирутбаи ин ду кишвари меҳвари муқовимат табодули назар кард.

Алоуддин Буруҷирдӣ, раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи душанбе дар ҳангоми вуруд ба Бейрут дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: "Барои Эрон амнияти Лубнон ва якпорчагии ҳамаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсӣ дар ҷиҳати ҳифзи амният ва суботу истиқлоли он бисёр дорои аҳамият аст".

Раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тасреҳ кард, таҳаввулоти минтақа, ба вижа дар Сурия ва Ироқ нишондиҳандаи муваффақияти ҳама кишварҳое аст, ки бо ҳамаи имконоти худ зидди терроризм ба унвони падидаи шуми ҷаҳонӣ талош ва иқдом мекунанд.

Буруҷирдӣ дар дидор бо Ҷуброн Босил, вазири умури хориҷаи Лубнон ҳам дар бораи заминаи равобити дуҷониба, буҳронҳои зиёди минтақа, ба вижа дар кишварҳои Сурия ва Ироқ ва табаоти он монанди буҳрони оворагони сурӣ, ки мушкилотеро барои Лубнон эҷод кардааст, табодули назар кард.

Раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон таъкид кард, ҷумҳурии исломӣ дар мубориза бо терроризм ҷиддӣ аст ва яке аз мавзӯҳои асосии ҳамкории Эрон бо Ироқ ва Сурия, мубориза бо террористҳост.

Ҳайати порлумонии Эрон бо ҳайате аз аъзои фроксиюни Ҳизбуллоҳ (вафодорӣ ба муқовимат) дар порлумони Лубнон низ дар бораи мубориза бо гурӯҳҳои террористии такфирӣ то поксозии ҳамаи аносури террорист гуфтугӯ кард.

Раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон афзуд: "Муқовимати панҷсолаи мардум ва давлати Сурия ва ҳамчунин пойдории мардуми Ироқ бо вуҷуди ҳамаи коршиканиҳои Амрико ва ҳампаймонони минтақаӣ ва аврупоии он ба натиҷа расидааст ва заволи тадриҷии гурӯҳҳои террористии такфирӣ идома дорад".

Ҳайати порлумонии Эрон рӯзи сешанбе ва дар дуввумин рӯз аз сафар ба Лубнон, бо Таммом Салом, нахуствазири ин кишвар низ дидор ва дар бораи равобити дуҷониба, чашмандози ҳамкориҳои хуб дар ҳамаи заминаҳо ва таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ кард.

Дар дидорҳои ҳайати порлумонии Эрон бо нахуствазири Лубнон, дар бораи таҳаввулоти мухталифи минтақаӣ, аз ҷумла он чӣ дар Ироқ ва Сурия ҷараён дорад ва кудатои нофарҷом дар Туркия гуфтугӯ карда шудааст.

Ҳайати порлумонии Эрон ҳамчунин дар дидор бо раиси порлумони Лубнон бо ибрози хурсандӣ аз оғози даври ҷадиди гуфтугӯи миллӣ байни ҳамаи ҷараёнҳои сиёсии фаъол ва муассир ба ибтикори Набия Бари, раиси порлумони Лубнон эълом кард, шакке нест, ки Ҷумҳурии исломии Эрон иҳтимоми зиёде ба барқарории оромиш, амният ва субот ва ваҳдат дар дохили кишвари бародари Лубнон дорад.

Ҳайати порлумонии Эрон рӯзи гузашта низ пас аз дидор бо мақомоти лубнонӣ вориди Димишқ, пойтахти Сурия шуд ва дар нахустин дидор бо Ҳадя Аббос, раиси Маҷлиси миллии Сурия дар бораи равобити дерина ва мустаҳками Теҳрон - Димишқ муваффақиятҳои ахири артиши Сурия дар мубориза бо терроризм ва унсури такфирӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ҳайати порлумонии Эрон ҳамчунин дар дидор бо нахуствазири Сурия эълом кард, Ҷумҳурии исломии Эрон аз музокироти сурӣ - сурӣ ба манзури дастёбӣ ба роҳи ҳалле барои бурунрафт аз буҳрони Сурия ҳимоят мекунад.

Раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо интиқод аз рӯйкарди Созмони милали муттаҳид дар хусуси ҳалли буҳрони Сурия тасреҳ кард, Созмони милал замоне иқдомотеро барои аз саргирии музокироти Женева барои дастёбӣ ба роҳи ҳалле барои поёни буҳрони Сурия шурӯъ кард, ки пирӯзии размандагони меҳвари муқовимат ва артиши Сурия дар ҷабҳаи Ҳалаб машҳуд буд.

Намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, ояндаи Сурия ба дасти мардуми ин кишвар рақам бихурад.

Ҳайати порлумонии Эрон қарор аст имрӯз, панҷшанбе дар рӯзи дуввуми сафар ба Димишқ, бо Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дидор ва гуфтугӯ кунад.