Феврал 21, 2017 16:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ишғоли золимонаи Фаластин аз сафаҳоти нопоки торих аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, қиссаи пурғуссаи Фаластин ва андуҳи ҷонкоҳи мазлумияти ин миллати сабур, бурдбор ва муқовим, ҳар инсони озодихоҳ, ҳаққталаб ва адолатҷуро ме‌‌озорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи сешанбе дар оғози шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон таъкид карданд, саркуби ваҳшиёнаи миллати Фаластин, дастгириҳои густарда, қатлу ғорат, ғасби сарзаминҳои ин миллат ва бинои шаҳрак дар онҳо, талош барои тағйири чеҳра ва ҳуввияти шаҳри муқаддаси Қудс ва Масҷидулақсо ва дигар амокини муқаддаси исломӣ ва масеҳӣ дар он, бо пуштибонии ҳамаҷонибаи Амрико ва бархе дигар аз давлатҳои ғарбӣ аз режими саҳюнистӣ, дар ҳоле идома дорад, ки мутаассифона бо аксуламали шоистаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ нест .

Раҳбари муаззами инқилоб афзуданд: Миллати Фаластин муфтахар аст, ки Худои мутаол бар онон миннат гузорда ва рисолати азими дифоъ аз ин сарзамини муқаддас ва Масҷидулақсоро бар души онон ниҳодааст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Ковише ҳушмандона дар торих нишон медиҳад, ки дар ҳеч бурҳае аз торих, ҳеч як аз миллатҳои ҷаҳон бо чунин ранҷу андуҳ ва иқдоме золимона мувоҷеҳ набудаанд, ки дар як тавтеаи фароминтақаӣ, кишваре ба таври комили ишғол ва миллате аз хонаву кошонаи худ ронда шаванд ва ба ҷои онон, гурӯҳе дигар аз ҷой-ҷои ҷаҳон бадонҷо гусел шаванд, мавҷудияте ҳақиқӣ нодида гирифта шавад ва мавҷудияте ҷаълӣ бар ҷои он бинишинад, аммо ин низ яке аз сафаҳоти нопоки торих аст, ки ҳамчун дигар сафаҳоти олуда, бо азни Худои мутаол ва ёрии ӯ баста хоҳад шуд.

Эшон таъкид карданд: Ин конфронс дар яке аз сахттарин шароити ҷаҳонӣ ва минтақаӣ баргузор мешавад, минтақаи мо, ки ҳамвора пуштибони миллати Фаластин дар муборизоти он алайҳи як тавтеаи ҷаҳонӣ будааст, ин рӯзҳо дастхуши нооромӣ ва буҳронҳои мутааддид аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Буҳронҳои мавҷуд дар чандин кишвари исломии минтақа муҷиб шудааст, то ҳимоят аз масъалаи Фаластин ва ормони муқаддаси озодии Қудс камранг шавад. Таваҷҷуҳ ба натиҷаи ин буҳронҳо, ба мо тафҳим мекунад, ки қудратҳои судбаранди аз они кадоманд ононе, ки режими саҳюнистиро дар ин минтақа ба вуҷуд овардаанд, то аз тариқи таҳмили як даргирии тӯлонимуддат, монеъ аз субот ва истиқрор ва пешрафти минтақа шаванд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин афзуданд: Бо вуҷуди ихтилофоте, ки кишварҳои исломӣ бо якдигар доранд, ки бархе аз онҳо табиӣ ва бархе дигар тавтеаи  душман ва бархе дигар ношӣ аз ғифлат аст, лекин ҳамчунон мавзуи Фаластин бояд меҳвари ваҳдати ҳамаи онон бошад .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз дастовардҳои ин нишасти арзишмандро матраҳ кардани авлавияти нахусти ҷаҳони ислом ва озодихоҳони ҷаҳон, яъне мавзуи Фаластин ва эҷоди фазои ҳамдилӣ барои таҳаққуқи ҳадафи волои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муборизоти ҳақталабона ва адолатҷуёнаи онон донистанд.