Феврал 21, 2017 17:10 Asia/Dushanbe

Конфронси дурӯзаи "Ҳимоят аз интифозаи Фаластин" имрӯз 3 ва фардо 4 исфанд бо ҳузури руасо ва наввоби маҷолиси кишварҳои исломӣ ва низ руасои ҷарёнҳои фаластинӣ ва гурӯҳҳои муқовимат дар Теҳрон оғоз шуд ва то фардо идома дорад.

Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар ҷаласаи алании рӯзи чаҳоршанбе 19 урдибиҳишт моҳи 1369 Қонуни "Ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин"- ро муштамал бар ҳашт модда ва як табсара тасвиб ва Шӯрои нигаҳбон ҳамон рӯз онро тайид кард .

Ин қонун 10 рӯз баъд яъне 29 урдибиҳишти 1369, бо имзои раисҷумҳури вақт марҳум Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ барои иҷро иблоғ шуд .

Албатта 20 соли баъд, дар 19 хурдоди 1389, зимни ислоҳияе, моддаи 8 он ҳазф ва 4 табсара ба он изофа шуд .

Моддаи яки Қонуни "Ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин" тасреҳ мекунад: "Сарзамини Фаластин ба миллати Фаластин тааллуқ дошта ва дорад ва режими ишғолгари Қудс ва ҳукумати ғосиби саҳюнистҳо, ки бо зулм ва ғасб ва қатли ом ва ҷиноят бар ин сарзамин ва Байтулмуқаддас мусаллат гардидаанд, ғосиб ва золим ва маҳкуманд ва бар ҳамаи миллатҳо ва инсонҳои ҳақталаби ҷаҳон хусусан мусалмонон ва билхас мардум ва ҳукумати ҷумҳурии исломии Эрон лозим аст, аз мардуми ситамдида ва овора ва муборизи Фаластин то расидан ба ҳуқуқи ҳаққаи хеш ба ҳар наҳви мумкин, ҳимоят ва дифоъ намоянд.

Ҳайъатраисаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ муваззаф аст, аз туруқи мухталиф ин ҳимоятро таъмиқ ва густариш бахшад ва дар асраи вақт конфронсе аз намояндагони кишварҳои исломӣ ва соҳибназарон дар ин росто ташкил диҳад".

Дар моддаи 5 ин қонун низ омадааст: "Ба манзури иҷро ва пайгирии ҳамоҳангиҳои лозим куматае мураккаб аз намояндагони томулихтиёри Вазорати умури хориҷа, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Бунёди шаҳид, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Вазорати иттилоот, Бунёди ҷонбозон, Ҳилоли Аҳмар ва ду нафар аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба интихоби маҷлис зери назари раисҷумҳур ё намояндаи эшон ташкил ва ҳар шаш моҳ иқдомоти анҷомшударо ба Маҷлиси Шӯрои исломӣ гузориш намояд".

Пас аз лозимулиҷро шудани ин қонун, дабирхонае барои ин конфронс дар Теҳрон таъсис шуд, то баргузории онро бар асоси ташхиси ҳайъатраисаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ сомон диҳад .

Раисҷумҳур 7 обони 1392 дар иҷрои моддаи 5 Қонуни "Ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин", ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадҳасани Ахтариро ба симмати раиси Кумитаи ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин баргузид.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ дар ҷаласаи алании рӯзи 7 шаҳривари 95 ду нафар аз намояндагонро барои узвият дар дабирхонаи доимии конфронсҳои байналмилалии Фаластин интихоб карданд.

Бар ин асос, Муҳаммадиброҳими Ризоӣ, намояндаи Хумайн бо 93 раъй ва Мустафо Кавокибиён, намояндаи Теҳрон бо 90 раъй аз маҷмуи 166 раъйи ахзшуда ба узвияти дабирхонаи доимии конфронсҳои байналмилалии Фаластин даромаданд.

Пайрави иҷрои моддаи яки Қонуни "Ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин"  токунун 5 Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар нуқоти атфи торихии минтақа ва Фаластин ба тартиби зайл баргузор шудааст:

1. Меҳри 1370 ҳамзамон бо Конфронси Мадрид ва дар бузургдошти интифозаи аввали миллати Фаластин (интифозаи Истиқлол)

2. Урдибиҳишти 1380 ҳамзамон ва дар ҳимоят аз интифозаи дуввуми миллати Фаластин (интифозаи Алақсо)

3. Фарвардини 1385 ҳамзамон бо иқдомоти режими саҳюнистӣ дар заминаи тахриби Боби Муғориба-дар бахши ғарбии Масҷидулақсо ва дар ҳимоят аз Қудси шариф

4. Исфанди 1387 пас аз таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва дар ҳимоят аз истодагии устураии миллат ва муқовимати Фаластин дар баробари ин таҳоҷуми хунин ва ваҳшиёна

5. Нуҳум ва даҳуми меҳри 1390 дар Теҳрон бо шиори аслии ҳамоиши "Фаластин: ватани фаластиниён".

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси маҷлис дар умури байналмилал, Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон ва Козими Ҷалолӣ, узви Комиссияи амнияти миллии маҷлис ба тартиб раис, дабир, раиси кумитаи фарҳангӣ ва сухангуи шашумин Конфронси ҳимоят аз интифозаи Фаластин ҳастанд .

Шиори шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин низ "Ҳама барои Фаластин" аст .