Феврал 21, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Лубнон: Кишварҳои исломӣ сафоратхонаҳояшонро дар Вашингтон бубанданд

Раиси Маҷлиси Лубнон аз кишварҳои исломӣ хост, дар вокуниш ба ҳимояти Амрико аз интиқоли сафоратхонаҳо аз Тел Авив ба Қудс, сафоратхонаҳои худро дар Вашингтон таътил кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Наби Берри, дар шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо баёни инки Амрико бо тамоми тавон аз шаҳраксозиҳои ғайриқонунии режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад, афзуд: Фишорҳое, ки ба мардуми мазлуми Фаластин ворид мешавад, танҳо барои қарор додани се роҳи худкушӣ, таслим ё фирор дар муқобили онҳост .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ваъда дода, сафорати Амрикоро аз Тел Авив ба Қудси ишғолӣ интиқол хоҳад дод, ки бо вокуниши қотеи гурӯҳҳои фаластинӣ ва бархе кишварҳо мувоҷеҳ шудааст .

Яке аз тарфандҳои режими саҳюнистӣ барои басти султагариаш дар Байтулмуқаддас, талош барои интиқоли сафоратхонаҳои кишварҳоест, ки бо ин режим дорои муносибот ҳастанд .

Аксари ин кишварҳо аммо аз бими вокуниши афкори умумӣ токунун аз ин иқдом худдорӣ кардаанд ва пешқадам шудан ва ҳимояти Амрико дар ин замина, нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Вашингтон ба режими Исроил бо вуҷуди ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои рӯзафзуни ин режим аст .

 

 

Барчасп