Баёнияи поёнии Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”
Дар баёнияи поёнии шашумин Конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”, бар зарурати ҳифзи масъалаи Фаластин ба унвони авлавияти нахусти ҷаҳони Ислом, кишварҳои арабӣ, маркази таваҷҷӯҳи афкори умумии ҷаҳонӣ ва неруҳои муттаҳид ва дӯст барои озодии кулли ин сарзамин таъкид шуд.
Ширкаткунандагон дар ин конфронс, рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе зимни қадрдонӣ аз баёноти ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин конфронс, эълом карданд, иттиҳоди миллати Фаластин ва пазириши гузинаи муқовамат ба унвони танҳо роҳи муҳаққақ сохтани ҳуқуқи машрӯъи ин миллат, ки муваффақияти худро дар озодии ҷануби Лубнон ва борикаи Ғазза ва қудрати боздорандагӣ дар баробари итмоъи (тамаъ) душман собит карда, зарурӣ аст.
Ин баёния меафзояд, сафҳои уммати исломӣ ва миллатҳои озодихоҳ барои ёрӣ расондан ба миллати мазлуми Фаластин бояд, якпорча шаванд.
Дар идомаи ин баёния омадааст, интифоза ва муқовамати миллати мазлуми Фаластин ба вижа қиёми кунунӣ ба унвони танҳо роҳи самарбахши муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ аст.
Ширкаткунандагон дар ин конфронс ҳамчунин бар истимрори талошҳо барои поён додан ба 7 даҳа ишғолгарии режими саҳюнистӣ, ҳифзи ваҳдати сарзамини “Фаластини таърихӣ” аз баҳр то наҳр ва ташкили давлати Фаластин ба пойтахтии Қудс, таъкид карданд.
Дар баёнияи поёнии шашумин конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин”, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ хоста шуд, бо эъмоли фишори муассир бар режими саҳюнистӣ ба рафтори ғайриинсонии ин режим, аз ҷумла муҳосираи золимонаи борикаи Ғазза поён диҳад.
Шашумин конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи мардуми Фаластин” рӯзи сешанбе, ки бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, раисони се қувва ва шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳони Ислом бо шиор “ҳама бо ҳам дар ҳимоят аз Фаластин” дар толори Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон, кушоиш ёфт, рӯзи чаҳоршанбе бо судури бёнияе ба кори худ поён дод.