Феврал 23, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Маросими поёнии Конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”

Маросими поёнии Конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” бо ҳузури ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳаммадии Гулпойгонӣ- раиси дафтари Раҳбари муаззам инқилоб, Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷа ва ҷамъе аз раисони парлумонҳои кишварҳои исломӣ ва фаъолони ҳомии Фаластин ва шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳони Ислом баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин маросим аз китоби “Маҷмӯаи баёноти мақоми муаззами раҳбарӣ дар ҳавзаи Фаластин”, рӯнамоӣ ва аз шаҳидони муқовамат таҷлил шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ дар нишасти поёнии Конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”, суханронӣ кард.

Шашумин Конфронси байналимилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин”, ки рӯзи сешанбе (21 феврал) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззам инқилоб ва шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳони Ислом бо шиор “ҳама бо ҳам дар ҳимоят аз Фаластин” дар толори Иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон, кушоиш ёфта буд, рӯзи чаҳоршанбе бо судури бёнияе ба кори худ поён дод.

Беш аз 80 ҳайат ва 700 меҳмони хориҷӣ дар ин конфронс ширкат карданд. Имрӯз панҷшанбе низ нишасте бо созмонҳои мардумии ниҳод ва ниҳодҳои ғайридавлатии ҳомии муқовамати Фаластин, дар маҳалли Иҷлоси сарон дар Теҳрон, баргузор мешавад.

Барчасп