Феврал 24, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Мавзӯи Фаластин авлавияти Эрону ҷаҳони Ислом аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мавзӯи Фаластин дар садри сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор дорад ва авлавияти ҷаҳони Ислом аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, ба баргузории шашумин конфаронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон ишора карду гуфт: “Дар дини Ислом тасаллути куффор бар мусулмонону сарзаминҳои исломӣ ҳаром аст ва аз ин рӯ аст, ки мавзӯи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар садри сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон аст”.

Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки манофеи миллии Эрон бо мавзӯи Фаластин дар минтақа гиреҳ хӯрдааст, афзуд: “ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар қиболи мардуми Фаластин ва куштор, оворагӣ ва ихроҷи фаластиниён аз сарзаминҳояшон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд”.

Имоми ҷумъаи Теҳрон ҳадафи таъсиси режими номашрӯи саҳюнистиро дар минтақаи ҳассоси Ховари миёна, тазъифи кишварҳо ва ҳукуматҳои исломии минтақа донисту гуфт: “Амрикову Англия бо ҳамроҳии бархе аз кишварҳои ғарбӣ бо ҳадафи тасаллут бар манобеи табиӣ ва энержии минтақа, режими саҳюнистиро ҳамонанди як ғуддаи саратонӣ дар дили кишварҳои исломии Ховари миёна эҷод карданд”.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Эронҳаросӣ, исломҳаросӣ ва тавҳин ба ҷойгоҳи муқаддаси Паёмбари Ислом (с) дар Аврупо, натиҷаи нуфузи лоббии саҳюнистӣ дар ғарбу Амрико аст.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ таъкид кард, муқовимати Фаластин бо вуҷуди фишорҳои бархе аз кишварҳои ғарбиву арабии минтақа, бо тамоми вуҷуд дар муқобили ишғолгарони саҳюнист истодааст ва ба зудӣ ин режими ишғолгару ҳомиёнаш мағлуби нерӯҳои муқовимати исломӣ хоҳанд шуд.

 

Барчасп