Ҳофизи замона: 89 сол бо Ҳушанги Ибтиҳоҷ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13792-Ҳофизи_замона_89_сол_бо_Ҳушанги_Ибтиҳоҷ
Шашуми исфандмоҳ - солрӯзи таваллуди яке аз таъсиргузортарин чеҳраҳои фарҳангиву адабии муосири Эрон аст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 24, 2017 18:53 Asia/Dushanbe

Шашуми исфандмоҳ - солрӯзи таваллуди яке аз таъсиргузортарин чеҳраҳои фарҳангиву адабии муосири Эрон аст.

Ҳушанги Ибтиҳоҷ ё “Ҳ.Алиф.Соя”, ки ҳафт даҳа ифогари нақше муҳиму ҷовидон дар адабиёту мусиқии Эрон будааст, рӯзи шашуми исфандмоҳи 1306-и хуршедӣ, баробар бо 25-уми феврали соли 1928 дар шаҳри Рашт, дар шимоли Эрон ба дунё омад.

Густардагии маонӣ ва қуввату қудрати шеъри ӯ ба андозае аст, ки бузургони адаби муосир ӯро "Ҳофизи замона" номидаанд.