Феврал 25, 2017 15:36 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико аз муаррифии

Амрико тарҳи пешниҳоди муаррифии Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ба унвони созмони террористӣ мутаваққиф кард.

Ба гузориши хабаргузрории Садо ва Симои Эрон, манобеи огоҳ эълом карданд, ки пешниҳоди давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико барои муаррифии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони як "созмони террористӣ" мутаваққиф шудааст, зеро мақомоти аршади дифоӣ ва иттилоотии Амрико ҳушдор додаанд, ки ин иқдом метавонад паёмадҳоеро дар пай дошта бошад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз муҳимтарин ва муқтадиртарин созмонҳои низомии Эрон аст, ки ба унвони гурӯҳи мусташорӣ бо артишҳо ва мардуми Сурия ва Ироқ дар ҷабҳаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ ҳамкорӣ мекунад.

Як мақоми огоҳи амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад дар ин бора гуфт: Агар чунин коре кунед, боиси бадтар шудани авзо хоҳад шуд ва ҳар гуна эҳтимоли гуфтугӯ бо эрониҳо дар бораи ҳар мавзӯеро аз байн хоҳед бурд.

Дигар мақомоти огоҳи амрикоӣ ва аврупоӣ низ дар ин бора эълом карданд, ки талошҳо барои пешбурди ин пешниҳод мутаваққиф шудааст ва иллати он низ баҳсу ҷадалҳо ва ихтилофоти дохилӣ дар хусуси ин масъала аст, ки чунин иқдоме метавонад ҷанг алайҳи ДИИШ-ро тазъиф кунад ва ҳар гуна дурнамои дипломатӣ миёни Амрико ва Эронро аз байн бибарад ва боиси печида шудани иҷрои мувофиқатномаи ҳастаии Эрон шавад.

 

Барчасп