Зариф: Террористӣ хондани Сипоҳ манфиате барои Амрико надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13864-Зариф_Террористӣ_хондани_Сипоҳ_манфиате_барои_Амрико_надорад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, иқдоми эҳтимолии Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ҳеч манфиате барои он кишвар нахоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 25, 2017 12:56 Asia/Dushanbe
  • 
Зариф: Террористӣ хондани Сипоҳ манфиате барои Амрико надорад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, иқдоми эҳтимолии Амрико дар террористӣ хондани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ҳеч манфиате барои он кишвар нахоҳад дошт.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи маросими бузургдошти шаҳидони ин вазоратхона ба хабарнигорон гуфт, баррасии ин тарҳ дар Амрико дар ҳоле аст, ки ҷаҳониён изъон доранд, ки Сипоҳ бештарин ҳимоятро аз кишварҳои минтақа дар баробари террористҳо ба хусус террористҳои такфирии ДИИШ ва Аннусра кардааст.

Зариф афзуд, ин иқдоми эҳтимолӣ, моҳияти ҳомиёни ин тарҳро равшантар хоҳад кард ва ин ҳаракатҳои беҳуда таъсире нахоҳад дошт.

Бар асоси гузориши манобеъи огоҳ, дар пайи ҳушдори ниҳодҳои амниятии Амрико, мақомоти Кохи Сафед аз "террористӣ" эълом кардани Сипоҳ, ақибнишини кардаанд.

Вазири хориҷаи Эрон дар идома, ноамниҳоро ба зарари миллатҳои минтақа донист ва гуфт, минтақаи Ховари Миёна ниёзманди ҳамкории ҳамаи кишварҳо барои муқобила бо терроризм ва ифротгарӣ аст.

Зариф тасреҳ кард, минтақа ҳеч гуна талош барои султагариро бар наметобад, чаро ки султаи қудратҳои бузург ба ҷуз ҳазина, ҷанг ва куштор ҳеч натиҷае токунун надоштааст.