Феврал 26, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти “Афғонистоншиноси” дар Эрон

Чаҳорумин давраи мусобиқоти “Афғонистоншиносӣ”, бо ҳузури 300 нафар аз донишомӯзон ва донишҷӯёни афғони муқими Хуросони Разавӣ- дар шаҳри Машҳад, маркази ин устон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Аҷамӣ- мудири кулли дафтари умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавӣ, дар ҳошияи ин мусобиқот гуфт, ин ҷавонон ва навҷавонон ояндасозони кишварашон, Афғонистон ҳастанд ва тақвияти зарфиятҳо, омӯзиш ва ба рӯзрасонии истеъдодҳо ва тавонмандиҳои онон, метавонад осори бисёр арзишманде дошта бошад.

Аҷамӣ афзуд, барои мушорикати бештари паноҳандагони афғон дар фаъолитҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо мушорикати дафтари Комиссариати Милали Муттаҳид дар умури паноҳндагон дар Машҳад, чандин нишаст бо гурӯҳҳои мухталифи атбоъи хориҷӣ, шомили донишҷӯён, фарҳангиён, варзишкорон, маълулон, тоҷирон, уламо, фарҳехтагон ва мутахассисони Афғонистон шиноси баргузор шуд.

Раиси дафтари Комиссариати Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, дар Машҳад ҳам дар ҳошияи ин мусобиқот, бо қадрдонӣ аз баргузории мусобиқоти “Афғонистоншиноси” дар Эрон гуфт, Эрон дар канори роҳнамоӣ ва ҳидояти паноҳандагон, заминаи омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаиро барои онон фароҳам мекунад, то битавонанд ҳангоми бозгашт бо истифода аз ин маҳоратҳо, мушорикати муассир дар бозсозии Афғонистон дошта бошанд.

Барчасп