Феврал 26, 2017 15:00 Asia/Dushanbe
  • Размоиши дарёии вилояти 95; Намоиши иқтидори дифоӣ ва қудрати боздорандагии Эрон

Марҳалаи ниҳоии размоиши неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи "Вилоияти 95" субҳи якшанбе бо ҳузури фармондеҳи неруи дарёии артиш дар обҳои ҷануби Эрон оғоз шуд.

Амир дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадаф аз баргузории размоиши бузурги дарёии Вилояти 95-ро интиқоли паёми сулҳ ва дӯстии Эрон ба кишварҳои минтақа, боло бурдани сатҳи тавонманди дифоӣ, афзоиши амнияти минтақа ва муқобила бо терроризми дарёӣ унвон кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи илзомоти дифоӣ гомҳои баланде бардоштааст, зеро дар муҳити перомуни худ бо таҳдидҳои густурдае мувоҷеҳ аст. Амрико мураттаб дар ҳоли баргузории манёврҳои муштарак бо аҳдофи таҳоҷумӣ дар минтақа аст ва бахше аз ин таҳаррукот дар як тақсими кори таърифшуда аз сӯи бархе кишварҳои арабии минтақа думбол мешавад. Амрико муддаӣ аст, ки тамринҳои низомии Эрон дар обҳои минтақа танишҳоро афзоиш медиҳад ва сабаби латма задан ба субот дар минтақа мешавад.

Ин ҳошиясозиҳо пайваста бо рафту омдаҳои мақомҳои Амрико ва Англия ба минтақа афзоиш ёфтааст. Аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон беэътино ба ин фазосозиҳо ва бо таваҷҷуҳ ба сатҳи таҳдидҳо ва бо дар назар гирифтани илзомоти дифоӣ ва авлавиятҳо, роҳбурди дифоии худро бар мабнои афзоиши қудрати боздорандагӣ танзим кардааст. Ин роҳбурд дар чорчуби тақвияти субот ва амнияти минтақа ва пешгирӣ аз таҷовуз ва моҷароҷӯиҳои эҳтимолӣ аз сӯи ҳар мутаҷовизе дар минтақа аст. Зимни онки Эрон борҳо ва дар олитарин сатҳ эълом кардааст, ки мӯътақид ба асли ҳамгароӣ барои ҳифзи амният дар минтақа аст.

Аз ин рӯ иқтидори дифоии Эрон натанҳо ҳеҷ гуна таорузе бо амнияти минтақа надорад, балки пешниёзи таомулоти минтақаӣ аст. Бо таъкид бар ҳамин асл аст, ки фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, баргузории размоиши Вилояти 95-ро аз ҷинси дифоъ аз марзҳои обӣ ва барқарории амният дар минтақа, мубориза бо дуздони дарёӣ, терроризм ва ирсоли паёми сулҳ ва дӯстӣ ба кишварҳои минтақа донист.

Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба лиҳози таҷрибаҳои ҳашт соли дифои муқаддас ва бо доштани зарфияти болои қудрат ва тавонмандӣ, акнун дар ҷойгоҳи неруии роҳбурдӣ аст ва бо ҳузури муқтадирона дар манотиқи бо аҳамияти геостратегии дарёӣ, дар ҳифзи амният аз каронаҳои Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон то Уқёнуси Ҳинд, нақши калидӣ дорад.

Эрон бо доштани соҳилҳои тӯлонӣ дар имтидоди Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон бар аҳамияти амнияти ин паҳнаи дарёӣ ва соҳилҳои он воқиф аст. Неруи дарёии артиш барои таъмини амнияти Баҳри Уммон ва тангаи Ҳумуз ва барои ба ҳадди ақал расондани хатарҳои эҳтимолӣ дар замони вуқӯи буҳрон, ҳиросат ва ҳифозат аз обҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро аз моварои обҳои Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон шурӯъ кардааст. Докторинаи дифоӣ ва низомии Эрон дар ин чорчуб тадвин шуда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон дода, ки ба унвони кишвари муассир дар тасбити амнияти минтақа бо иқтидори комил ифои нақш намудааст.