Намоиши умумии филми “Фурӯшанда” дар майдони Трафалгари Лондон
Филми “Фурӯшанда” сохтаи Асғари Фарҳодӣ, якшаб пеш аз баргузории маросими Оскар ба сурати умумӣ ва ройгон дар майдони Трафалгари Лондон ба намоиш даромад.
Ба гузориши Пресс Тв, ҳудуди 10 ҳазор тамошочӣ баъд аз зӯҳри якшанбе 26 феврал, соате қабл аз эъломи барандагони Оскар 2017, барои дидани ин филм дар маркази Лондон гирди ҳам омаданд.
Содиқхон шаҳрдори Лондон, ки пештар аз мардум даъват карда буд ба тамошои ин филм биёянд, намоиши филми Асғари Фарҳодиро як «ифтихор» унвон кард ва гуфт, «мехоҳам дунё бидонад, ки мо дар канори Асғари Фарҳодӣ, коргардони эронӣ, ва тамоми онҳое, ки ба хотири нажодашон мавриди табъиз қарор гирифтаанд, истодаем.»
Паёми Асғари Фарҳодӣ низ дар миёни ҷамъияте, ки барои тамошои филми ӯ ба майдони Трафалгари Лондон омада буданд, пахш шуд. Ӯ дар ин паём аз ҳимояти мардум ташаккур кард.
Филми “Фурӯшанда” дар Лондон, дар эътироз ба фармони зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмонро ба Амрико мамнуъ карда буд, ба намоиш даромад.
Асғари Фарҳодӣ ва Тарона Алидӯстӣ, бозигари аслии ин филм, пештар эълом карда буданд, барои нишон додани эътирози худ ба ин фармон, дар маросими Оскар ширкат намекунанд.
Филми “Фурӯшанда”, имрӯз Ҷоизаи Оскар-беҳтарин филми ғайри англисии соли 2017-ро азони худ кард.