Созмони фарҳангӣ ҳунарии форсизабонон: Дар остонаи ташкил
(last modified Tue, 28 Feb 2017 14:43:03 GMT )
Феврал 28, 2017 19:43 Asia/Dushanbe
  • Созмони фарҳангӣ ҳунарии форсизабонон: Дар остонаи ташкил

Қонуни асосномаи Созмони фарҳангӣ ҳунарии форсизабонон, ки байни се кишвар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон имзо шуда буд, пас аз тасвиби Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва таъйиди Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон, омодаи иблоғ шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии давлати Эрон, Асосномаи ин созмони фарҳангии байналмилалӣ, ки дар ҳафтуми моҳи майи 2013, дар Теҳрон ба имзои Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазири иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии исломи Афғонистон ва Вазири фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон расид, дорои як муқаддима ва ҳашт мода аст.

Тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва иҷтимоӣ байни миллатҳо ба вижа нухбагон, донишмандон, адибон ва ҳунармандони минтақа ва эҷоди пайвандҳои фарҳангӣ ва адабӣ дар кишварҳо аз тариқи таъсиси иттиҳодияҳо, анҷуманҳо ва созмонҳои мардумниҳод (NGO), аз ҷумлам аҳдофм муҳимми Созмони фарҳангӣ ҳунарии форси забонон аст.

Дабирхонаи ин созмон дар Эрон, мустақар аст ва ҳамаи вазоифи ҳамоҳангӣ ва умури иҷроиро зери назари Шӯрои вазирони фарҳанги кишварҳои узв бар ӯҳда дорад.

Дабири кулли ин созмон низ аз байни шахсиятҳои олирутбаи фарҳангӣ бо раъйи намояндагони аъзо барои чаҳор сол интихоб мешавад.