Март 01, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: БАРҶОМ дастоварди бузурге барои Эрон ва минтақа буд

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: Поёни буҳрони сохтагӣ бар сари барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон ва дастёбӣ ба тавофуқи ҷаҳонӣ ва мавриди таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, дастоварди бузурге барои Эрон ва ҳамаи минтақа буд.

Ба гузориши Пойгоҳи хабари бурунмарзии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сездаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО дар Исломобод тасреҳ кард: Созмон таҳримҳои золимонае, ки ба воситаи эронҳаросии дурӯғин бар миллати мо таҳмил шуда буд, фурӯ рехт ва ҷаҳон бори дигар ба масъулиятпазирӣ ва эҳтироми давлати Эрон ба тавофуқот ва муқаррароти байналамллӣ пай бурд.

Руҳонӣ ҳамчунин бо баёни инки иқтисодҳои навзҳури Осиё монанди Чин ва Ҳинд, ҷараёни иқтисоди ҷаҳониро аз Ғарб ба Шарқ тағйир хоҳад дод, афзуд: Қалби иқтисоди ҷаҳон аз нимаи қарни ҳозир ба баъд дар қораи Осиё хоҳад тапид ва баровардҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, созмони ЭКО дар ояндаи минтақа аҳамияти дучандон пайдо хоҳад кард.

Раиси Ҷумҳурии Эрон ишроф бар чанд оброҳи роҳбурдии ҷаҳон, ҳамсоягӣ бо панҷ дарёи муҳим ва вуҷуди манобеи энержии густурдаро аз шароити геополитикии созмони ЭКО баршумурд ва гуфт: Ҳеҷ масире барои тиҷорат аз Аврупо ба Осиё босарфатар ва кӯтоҳтар аз минтақаи ЭКО шинохта намешавад.

Руҳонӣ гуфт: Баровардҳои иқтисодӣ нишон медиҳад, ки се кишвари таъсискунандаи паймони ЭКО - Эрон, Туркия ва Покистон дар камтар аз 15 соли оянда, ҳамагӣ ҷузви 20 иқтисоди бартари ҷаҳонӣ хоҳанд буд ва ин навидбахши ояндаи дурахшонтар барои минтақаи мост.

Ҳасани Руҳонӣ афзуд: Бо ин ҳол акнун дар баробари ин воқеияти ғамангез қарор дорем, ки ҳаҷми тиҷорати дарунминтақаии ЭКО камтар аз 10 дарсади мизони тиҷорати фаромитақаии кишварҳои узви ин созмон аст.

Руҳонӣ ҳамчунин терроризмро таҳдиди муштараки ҳамаи кишварҳои узви ЭКО донист ва гуфт: Натиҷаи ҷон бохтани ҳазорон нафар дар Афғонистон, Ироқ, Сурия ва Яман ва овора шудани миллионҳо нафар дар ин кишварҳо, осебпазир шудани минтақа дар баробари низоъҳои дохилӣ ва дахолатҳои хориҷӣ аст.

 

Барчасп