Март 04, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ дар феҳристи 10 забони қадимии дунё қарор гирифт

Маҷаллаи байналмилалии “Культура”дар гузориши ахири худ, забони форсиро дар феҳристи 10 забони қадимии дунё қарор дорад.

Маҷаллаи байналмилалии “Культура”дар гузориши ахир худ унвон кард, забони форсӣ, ҷузъи 10 забони қадими дунё қарор дорад, ки токунун илова бар ҳифзи сохтори худ, дар манотиқи васеъе аз дунё густариш ёфтааст.

 Маҷаллаи маъруфи “Культура” дар баробари форсӣ, забонҳои томилӣ (ҷануби Ҳинд), литвониёӣ, ислондӣ, ибрӣ, мақдунӣ, забони боскҳо, финӣ, гурҷӣ ва ирлондиро низ ба даҳгона ворид намуда, хусусияти забонҳоро дар бастагӣ бо равандҳои биологӣ, гузариши тадриҷӣ аз як насл ба насли дигар арзёбӣ кардааст.

Дар ин матлаби “Культура” гуфта шудааст, аз миёни ин забонҳо форсӣ аз ҳама бештар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон гӯянда дошта, як миқдор тавофутҳое низ дорад. Бар асоси ин навишта, форсгӯёни муосир матнҳои 900 сол қаблро низ бидуни мушкил мехонанду мефаҳманд, ки чунин имконро инглисзабонҳо надоштаанд.

Дар матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, эрониҳо тавонистаанд, “ширинӣ” ва фасоҳати форсиро дар тадовуми қарнҳо таъмин кунанд.

Забони форсӣ аз гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоист, ки ба шохаи ҳиндуэронии ин оилаи забонҳо марбут мебошад. Ҳоло забонҳои эронӣ дар фазои Осиёи Миёна, Моварои Қафқоз, Афғонистон ва дигар кишварҳои Ҷануби Осиё интишор шудаанд ва гӯйишварони зиёде доранд.

Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ (форсӣ) инчунин забонҳои бедабираи яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнӣ (рушонӣ, хуфӣ) ва вахию ринӣ (ишкошимӣ) мавҷуданд, ки ба гуруҳи забонҳои иронӣ мансуб мебошанд.