Июл 15, 2016 17:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористии Ниси Фаронсаро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон амалиёти террористии маргбор дар Ниси Фаронсаро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз, ҷумъа, зимни ибрози таассуф аз амалиёти террористӣ дар Ниси Фаронса ва таслият ба бозмондагони ин ҷиноят гуфт: "Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки терроризм ҷуз бо ҳамкорӣ ва иҷмои байналмилалӣ решакан нахоҳад шуд".

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ҳар гуна саҳлангорӣ ва бархурди дугона дар бархурд бо терроризм, амре нописанд ва маҳкум ба шикаст аст.

Дар амалиёти террористӣ дар Ниси Фаронса 84 нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳоли бархе захмиҳо низ вахим эълом шудааст.

ДИИШ ва дигар гуруҳҳои террористии ифротии чандмиллиятӣ бо ҳимояти чанд кишвари ғарбӣ ва арабии зидди сурӣ, аз ҷумла Амрико, Арабистон, Англия ва дар мавориде низ Фаронса, барои сарнагунии ҳукумати Сурия ба ин кишвар эъзом шуданд, аммо акнун афзун бар ишғоли манотиқе аз хоки Сурия ва Ироқ ва қатли оми даҳҳо ҳазор нафар дар амалиёти ҷангӣ ва террористӣ, кишварҳои аврупоиро низ ҳадаф гирифтаанд.

Барчасп