Март 06, 2017 16:35 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Музокироти Сурия умедворкунанда аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҳамин андоза, ки давлат ва муоризони сурӣ дар мизи музокирот рӯ дар рўи ҳам нашастанд, умедворкунанда аст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз душанбе дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар посух ба саволи хабарнигори бурунмарзӣ дар бораи таҳаввулоти Сурия ва баргузории нишастҳои Женеваи Остона афзуд: Таҳаввулоти Остона ва Женева масири табиии худро тай мекунад ва талошҳое барои баргузории нишасти Остонаи чаҳорум қабл аз Женеваи панҷ вуҷуд дорад.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин дар бораи ҳузури нерӯи заминии артиши Амрико дар Сурия изҳори беиттилоӣ кард .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон иддаои ҷадиди масъулони баҳрайнӣ дар хусуси иртиботи Эрон бо масоили дохилии он кишварро низ беасос донист .

Қосимӣ тасреҳ кард: Ҳокимони Баҳрайн, ки оҷиз аз ҳалли масоили дохилии худ ва посухи муносиб ба мутолиботи маданӣ ва мусолиматҷуёнаи шаҳрвандонашон ҳастанд, ҳар аз чанде эътирозоти мардуми кишварашонро ба ҷумҳурии исломии Эрон нисбат медиҳанд .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба давлати Баҳрайн тавсия кард, ба ҷои тавассул ба равишҳои мансух ва исрор бар рӯйкарди амниятӣ, талош кунад, бо садоқат ва адолат ва риояти усули ахлоқӣ бо мардуми худ рафтор кунад .

Қосимӣ дар бораи шароити ногувори мардуми мазлуми Мянмар ва талошҳои Эрон барои ройзанӣ бо дигар кишварҳои исломӣ гуфт: Давлати Мянмар барои ҳифзи суботи худ бо дурандешии бештаре амал кунад, зимни инки Теҳрон талошҳои дипломатӣ дар ин бораро дар дастури кор дорад .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи сафари раисҷумҳури Озарбойҷон ба Эрон ва афзоиши рушди иқтисодии ду кишвар афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба зерсохтҳои Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, эҳдоси хатти оҳан иқдоми бисёр муҳимест, ки метавонад идома ёбад ва бо такмили бандари Чобаҳор (ҷануби Эрон) ҳаҷми равобит дуҷониба метавонад раванди рӯ ба рушде дошта бошад .