Март 06, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Даврони дифои муқаддас сарвати миллати Эрон аст

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, даврони ҳаштсолаи дифои муқаддасро яке аз сарватҳои фарҳангии нобу арзишманди Эрон донистанд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи душанбе дар дидори ҷамъе аз сардорон ва размандагони дифои муқаддас гуфтанд: Танҳо роҳи муқобила бо тарроҳиҳои фарҳангии бадхоҳон, тавлиди фарҳангӣ ва истифода аз сарвати ғанӣ ва сарчашмаи қавии даврони дифои муқаддас дар ҳамаи арсаҳост .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, даврони дифои муқаддасро аз рӯзҳои торихсози миллати Эрон хонданд ва афзуданд: Ба ҳеч ваҷҳ набояд гузошт, ки дифои муқаддас ва дарсҳои он ба фаромушӣ супурда шавад .

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ афзуданд: Эътиқод ба истодагӣ дар муқобили зӯргу ва ҳамчунин эътиқод ба инки агар истодагӣ кунем, бидуни тардид бар душман ғалаба хоҳем кард, аз дигар сарватҳо ва арзишҳои фарҳангии миллати Эрон аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Эҳсоси заъф муҷиби ташвиқи душман ба ҳамла хоҳад шуд, бинобарин барои инсирофи душман аз таҳоҷум бояд аз нишон додани эҳсоси заъф парҳез шавад ва нуқоти қуввати фаровонеро, ки дар ихтиёр дорем, ошкор кунем .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба тарроҳии душманон барои тағйир додани насли ҷавон аз насле ошиқи инқилоб ва имом Хумайнӣ (р) ва арзишҳо ба як унсури вобаста ба фарҳанги ғарб таъкид карданд: Тарроҳиҳои фарҳангӣ хатарноктар аз тавтеаҳои амниятӣ ва ҳатто таҳдиди низомӣ аст, зеро ҳаракати низомии душман, миллатро мустаҳкамтар ва мунсаҷимтар мекунад, аммо ҳамлаи фарҳангӣ иродаҳоро тазъиф мекунад ва насли ҷавонро аз кишвар мегирад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба сафарҳо ва урдуҳое, ки бо унвони «Роҳиёни нур» дар манотиқи ҷангӣ баргузор мешавад, тасреҳ карданд: Урдуҳои Роҳиёни нур омиле барои ҷилавгирӣ аз фаромуш шудани арзишҳо ва дарсҳои даврони дифои муқаддас аст ва барои пешрафт ва эътилои ҳар коре бояд ба таври мустамар аз он муроқибат кард, то он иқдом аз масири аслӣ мунҳариф нашавад .

 

Барчасп