Рӯнамоӣ аз чархболи эронии “Сабо-248”
Чархболи “Сабо-248”, ки ба дасти мутахассисони эронӣ, тарроҳӣ ва сохта шудааст, имрӯз (сешанбе) бо ҳузури вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, генерал Ҳусайни Деҳқон- вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон, дар маросими рӯнамоӣ аз ин чархбол гуфт, чархболи эронии “Сабо-248”, дар раддаи вазни сабук ва мутавассит бо корбарии чандманзура аст ва зарфияти ҳашт сарнишинро низ дорад.
Генерал Деҳқон афзуд, ин чархбол қодир аст, маъмуриятҳои ҳамлу нақли бор ва мусофир ва амалиёти имдоду наҷот, аксбардорӣ ва шиносоӣ, облонси ҳавоӣ, амалиёти фаросоҳлӣ ва таксии ҳавоиро анҷом диҳад.
Истифода аз фановариҳои рӯз дар ҳавзаи новбарӣ, ҳидояти сомонаҳои механикӣ, коркарди қобили қабул дар ҳолати як матори хомӯш, қобилияти итминон боло, садо ва иртифооти кам ва суръати боло, қобилияти амалиётӣ дар маҳдудаи 25- дараҷа то 55+ дараҷаи сонтиград ва баднаи аэродиномикии муносиб, аз ҷумла мушаххасоти фаннии болгарди эронии “Сабо 248” аст.