Март 08, 2017 14:46 Asia/Dushanbe

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати ҳафтаи манобеъи табиӣ дар Эрон, субҳи имрӯз ду ниҳоли мева коштанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сипас дар суханоне бо ишора ба аҳамияти фазои сабз ва пӯшиши гиёҳӣ, афзуданд, бисёре аз оризаҳои ношӣ аз резгардҳо, олудагии ҳаво ва носолим будани ҳавои шаҳрҳо, ба далели камбуди пӯшиши гиёҳӣ аст ва бо таваҷҷӯҳ ба мавқеияти иқлимӣ ва густурдагии манотиқи биёбонӣ дар Эрон, ҳифзи пӯшиши гиёҳӣ, аҳамияти зиёд дорад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, вуҷуди сабзагоҳҳои бархӯрдор аз гиёҳони гуногӯни доруӣ ва ҳамчунин ҷангалҳои шимолро аз имтиёзоти фазои сабзи Эрон баршумурданд ва афзуданд: Ҷангалҳои арзишманди шимоли Эрон ҷузъи камназиртарин ҷангалҳои ҷаҳон аст ва бояд ин ҷангалҳоро аз дастандозӣ ҳифз кард.

Эшон таъкид карданд: Масъулони бахши ҷангалҳо, маротеъ ва заминҳои кишоварзӣ бояд дар ҳифзи ин сарвати азими миллӣ, талош кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин маросими дарахткориро намоди эҳтироми мардуми Эрон, ба табиати сарсабз тавсиф карданд.

Понздаҳуми исфандмоҳ (панҷуми март) дар Эрон, рӯзи дарахткорӣ номгузорӣ шудааст ва ин ҳафта низ “ҳафтаи манобеъи табиӣ” ном дорад.

 

Барчасп