Март 10, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Тавсифи мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул аз суботи иқтисодӣ дар Эрон

Мудирони Сандуқи байналмилалии Пул аз масъулони эронӣ ба далели беҳбуди муассири рушди иқтисодӣ дар соли 1395, пас аз рафъи таҳримҳо қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи равобити умумии Бонки Марказии Эрон, мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул рушди тавлиди нохолиси дохилии ҳақиқии Эронро дар соли 1395-и ҳиҷрӣ-шамсӣ  6,6 дарсад пешбинӣ карданд.

Ҳамчунин бар асоси матни мушовираи соли 2016-и СБП бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва баёнияи матбуотии музокироти 24-уми феврали соли 2017 миёни ду тараф, рушди иқтисоди Эрон дар соли 1395 ба далели афзоиши тавлиди нафт тақвият шуд ва рушди тавлиди нохолиси дохилии Эрон дар нимаи аввали ҳамин сол ба 7,4 дарсад расид ва иқтисоди Эрон аз вазъияти рукудии соли 1394 хориҷ шуд.

Бар асоси ин гузориш, иқтисоди Эрон дар соли 1396 (2017 ва 2018 ) бо афзоиши сармоягузории мустақими хориҷӣ ва беҳбуди тадриҷии шароити молии дохилӣ мувоҷеҳ хоҳад буд.

Мудирони СБП ҳамчунин аз иқдомоти ҷадиди Эрон дар ҷиҳати тақвияти чорчӯби муқаррароти мубориза бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм (AML/CFT ) истиқбол карданд.

 

Барчасп