Рӯнамоӣ аз нахустин тонки пешрафтаи эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14478-Рӯнамоӣ_аз_нахустин_тонки_пешрафтаи_эронӣ
Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз тонки “Каррор”- нахустин тонки бумии пешрафтаи эронӣ, рӯнамоӣ кард.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Март 12, 2017 14:04 Asia/Dushanbe
  • “Каррор”- нахустин тонки бумии пешрафтаи эронӣ
    “Каррор”- нахустин тонки бумии пешрафтаи эронӣ

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз тонки “Каррор”- нахустин тонки бумии пешрафтаи эронӣ, рӯнамоӣ кард.

Ба гузориши идораи кулли таблиғоти дифои Вазорати дифои Эрон, генерал Ҳусайни Деҳқон- вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи якшанбе дар маросими рӯнамоӣ аз тонки “Каррор”, гуфт, ба рӯзрасонии таҷҳизоти зиреҳӣ яке аз аслитарин роҳбурдҳои Вазорати дифои Эрон, дар ҳавзаи разми заминӣ буда ва ин тонк намоди иқтидори Эрон аст.

Генерал Деҳқон афзуд, тонки пешрафтаи бумии “Каррор” бо қобилият ва тавонмандиҳои фаровон, намоди ҳуши боло ва тавонмандии фавқулодаи санъатгарони Вазорати дифоъ ва мисдоқи боризи иқтисоди муқоваматӣ ва беасарсозии таҳримҳо алайҳи Эрон аст.

Вай тасреҳ кард, тонки “Каррор” дар се ҳавзаи аслии қудрат ва диққати оташ, таҳаррук, ҳифозат ва мондагорӣ дар саҳнаи набард, қобили рақобат бо пешрафтатарин тонкҳои ҷаҳон аст.

Муҷаҳҳаз будан ба сомонаи контроли оташи электроптикӣ, сомонаи фосилаёби лазерӣ, роёнаи баллистик ва қобилияти шиллик ба ҳадафҳои собит ва мутаҳаррик дар шабу рӯз, аз ҷумла вижагиҳои тонки пешрафтаи “Каррор” аст.