Март 16, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Наврӯз дар 31 кишвари ҷаҳон

Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, бо сафарбар кардани гурӯҳҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, ҷашнвораи наврӯзиро дар 31 кишвари ҷаҳон баргузор мекунад..

Ба гузориши ИРНА, Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон эълом кард, идораи кулли умури эрониёни хориҷ аз кишвари вабаста ба Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон, ҷашнвораи наврӯзии соли 1396 ҳиҷрии шамсиро бо эъзоми гурӯҳҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мекунад.

Аввали фарвардин баробар бо 20-уми март, ҷашнҳои Наврӯз дар кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Ироқ, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия оғоз мешавад.

Наврӯз оғози соли ҳиҷрии шамсии эронӣ-баробар бо аввали фарвардинмоҳ, ҷашни оғози соли нави эронӣ ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои боқимонда аз даврони Эрони бостон аст.

 

 

Барчасп