Рӯҳонӣ: Соли ҷадид соли пешрафту иштиғоли бештар барои ҷавонони Эрон хоҳад буд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14794-Рӯҳонӣ_Соли_ҷадид_соли_пешрафту_иштиғоли_бештар_барои_ҷавонони_Эрон_хоҳад_буд
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ, бо баёни ин ки барои Эроне сарбаланд - бояд дар канори якдигар бошем, таъкид кард: Соли ҷадиди ҳиҷрии шамсӣ, соли пешрафти бештар барои миллати азиз ва шуғли бештар барои ҷавонони Эрон хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 20, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ: “Паёми Наврӯз барои ҳама, паёми зудудани кинаҳост”.
    Ҳасани Рӯҳонӣ: “Паёми Наврӯз барои ҳама, паёми зудудани кинаҳост”.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ, бо баёни ин ки барои Эроне сарбаланд - бояд дар канори якдигар бошем, таъкид кард: Соли ҷадиди ҳиҷрии шамсӣ, соли пешрафти бештар барои миллати азиз ва шуғли бештар барои ҷавонони Эрон хоҳад буд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе бо табрики соли ҷадиди ҳиҷрии шамсӣ ба миллати бузурги Эрон, эрониёни хориҷ аз кишвар ва тамоми миллатҳои минтақа, ки Наврӯзро пос медоранд, изҳор дошт: “Паёми Наврӯз барои ҳама, паёми зудудани кинаҳост”.

 Рӯҳонӣ афзуд, соли 1395-и ҳиҷрии шамсӣ, соли иҷрои сиёсатҳои “Иқтисоди муқовиматӣ, иқдом ва амал” ва низ иҷро шудани тавофуқи ҳастаӣ буд ва ин ду дар канори ҳам тавонистанд барои миллати Эрон нақшофаринии мусбате дошта бошанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ташаккури вижа аз кишоварзону санъатгарони эронӣ таъкид кард, дар соли гузашта тавлидоти санъатӣ ва кишоварзии Эрон рушди қобили мулоҳизае доштааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд: “Ҷумҳурии исломии Эрон тавонист бо дипломатияи нафтӣ ва талоши муҳандисону коргарони шарифи эронӣ, ҷойгоҳи қаблии худ дар тавлиди нафту газро бозпас бигирад ва ин ба маънои барқарор шудани ҳуқуқи миллати Эрон аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба пешрафтҳои пизишкиву илмии Эрон низ хотирнишон кард: “Бо ҳиммати донишмандони эронӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон рутбаи нахуст аз лиҳози пешрафти илмиро дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соли гузашта ба даст овардааст”.

Раисҷумҳури Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба баргузории ду интихобот дар соли 96, хотирнишон кард: “Бояд мушорикати ҳаддиаксарӣ, рақобати солим ва интихоботи қонунӣ мадди назари ҳамаи мо бошад”.