Қосимӣ: Эрониён ҷавомеи башариро вомдори хеш сохтаанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i14832-Қосимӣ_Эрониён_ҷавомеи_башариро_вомдори_хеш_сохтаанд
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ дар паёме оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсиро ба миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари ҷаҳон табрик гуфт”.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 21, 2017 18:03 Asia/Dushanbe
  • Баҳроми Қосимӣ дар паёме оғози соли 1396-и хуршедиро ба миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари ҷаҳон табрик гуфт.
    Баҳроми Қосимӣ дар паёме оғози соли 1396-и хуршедиро ба миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари ҷаҳон табрик гуфт.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломӣ дар паёме оғози соли 1396-и ҳиҷрии шамсиро ба миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари ҷаҳон табрик гуфт”.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Баҳроми Қосимӣ рӯзи душанбе хотирнишон кард, миллати бузургу тамаддунсози Эрон дар тӯли торихи пуршукӯҳу боазамати худ на танҳо дар сохтани Эронзамин, ки дар рушду тавсеаи тамаддуни башарӣ ва шукуфоии фарҳанги зебои инсонӣ ва интиқоли тамаддунӣ ба ақсову нуқоти ҷаҳон нақши басазое ифо кардааст.

Қосимӣ гуфт, эрониён дар ҷо-ҷойи торих ва гӯша-гӯшаи ин ҷуғрофиёи ҷаҳон радди пое аз илму адабу фарҳангу ҳунари худро барҷой гузоштаву тамаддуни башарӣ ва ҷавомеу сарзаминҳои мухталиферо вомдори хеш сохтаанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, миллати бузурги Эрон ва хонаводаи бузурги эрониён дар саросари гетӣ дар соле ки гузашт, тавонистанд бо вуҷуди ҳамаи мавонеу сахтиҳо ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ, ба ҳаракати такомулӣ ва рӯ ба рушди худ дар ҳамаи заминаҳо идома диҳанд ва ифтихороти бисёре дар арсаҳои мухталиф, аз сиёсату тиҷорат гирифта то илму донишу фарҳангу ҳунар касб намоянд.