Март 22, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳасани Рӯҳонӣ:
    Ҳасани Рӯҳонӣ: "Баёноти роҳкушои Раҳбари муаззами инқилоб мояи дилгармии фаъолони иқтисодӣ шуд".

Раиси ҷумҳурии Эрон дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо қадрдонӣ аз баёноти роҳкушои муаззамуллаҳ дар нахустин рӯзи соли нав, ки мояи дилгармии ҳамаи ходимони миллат ва фаъолони иқтисодӣ шуд, ‏таъкид кард, нахустин ҷаласаи давлат дар соли ҷадид, ба тақсими кори миллӣ барои ҷаҳиш дар тавлиди дохилӣ ва ‏афзоиши шуғл ихтисос хоҳад ёфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ин нома навишт: “Бешак ҳимояти мустамари Раҳбари муаззами инқилоб, ки метавонад пояи асли ҳамоҳангии ҳама ниҳодҳо ва қувваҳо дар низом ‏бошад, сармояи гаронқадри дастгоҳҳои масъули иқтисодӣ дар давлат аст то бар талоши худ биафзоянд ва ‏рушди ҳосилшуда дар тавлиди миллиро пойдор кунанд ва бо шитоби афзунтар дар раванди корофаринии ба даст‏омада, посухгӯи нерӯи азими ҷавонони ҷӯёи кор бошанд”.‏

 Рӯҳони афзуд: “Итминон дорам, бо эътиқоди амиқи давлати Эрон ба сиёсатҳои иқтисоди муқоваматӣ, ки ба рушди ‏чашмгир дар тавлиди дохилӣ ва пеш гирифтани содироти ғайринафтӣ бар воридот ва шуғлофаринии камсобиқа анҷомидааст ва бо ҳамоҳангии бештар дар фазои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва мудирияти ‏низом, ки бо раҳнамудҳои сареҳи Раҳбари муаззами инқилоб дар Наврӯзи имсол ҳосил хоҳад шуд, костиҳои ‏мавҷуд ҳам ҷуброн ва дастовардҳои назаррас дар шуғли ҷавонон ва маишати қишрҳои ‏камдаромад, корномаи пурифтихори низомро дурахшонтар хоҳад сохт”.‏

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар паёме ба муносибати оғози соли 1396-и ҳиҷри шамсӣ, соли ҷадидро соли “иқтисоди муқовиматӣ: тавлид – иштиғол” номгузорӣ карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳилузмо Хоманаӣ дар ин паём таваҷҷуҳ ба номи “иқтисоди муқовиматӣ”- ро ба танҳоӣ муассир надонистанд ва дар хусуси роҳи ҳал ва илоҷи вазъи кунунӣ афзуданд: “Илоҷ дар тақсим кардани иқтисоди муқовиматӣ ба нуқоти калидӣ ва муҳим ва тамаркузи ҳама ҳиммати масъулин ва мардум бар он нуқот аст ва ин нуқоти калидӣ иборат аст аз тавлиди дохилӣ ва иштиғол, ба вижа иштиғоли ҷавонон”.