Касби ду медали тиллои камондорони эронӣ дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё
(last modified Fri, 24 Mar 2017 16:26:01 GMT )
Март 24, 2017 21:26 Asia/Dushanbe
  • Исмоил Ибодӣ ҳарифи қудратманди худ аз Малайзияро шикаст дод ва соҳиби гардановези тилло шуд.
    Исмоил Ибодӣ ҳарифи қудратманди худ аз Малайзияро шикаст дод ва соҳиби гардановези тилло шуд.

Камондорони эронӣ дар риштаи компаунд ё таркибии занону мардон ва дар рақобатҳои тирукамони қаҳрамонии Осиё ду медали тилло касб карданд.

Исмоил Ибодӣ ва Парисо Баротчӣ дар чаҳорумин рӯзи рақобатҳои тирукамони қаҳрамонии Осиё дар Таиланд ва дар бахши инфиродӣ бо ғалаба бар ҳарифони худ дар дидори ниҳоӣ, медалҳои тиллои ин мусобиқотро касб карданд.

Дар финали бахши мардон Исмоил Ибодӣ бо натиҷаи 147 ба 146 ҳарифи қудратманди худ аз Малайзияро шикаст дод ва соҳиби гардановези тилло шуд.

Парисо Баротчӣ, дигар намояндаи Эрон низ дар дидори ниҳоии мураккаби бахши занон муваффақ шуд ҳарифи филиппинии худро бо натиҷаи 146 ба 141 шикаст додаву қаҳрамони Осиё шавад.

Исмоил Ибодӣ ва Парисо Баротчӣ рӯзи панҷшанбе низ бо расидан ба финали ин рақобатҳо, саҳмияи мусобиқоти ҷаҳонии Полшаро, ки ҳар чаҳор сол якбор баргузор мешавад, барои Эрон касб карданд.

Рақобатҳои тирукамони қаҳрамонии Осиё дар Таиланд бо ҳузури 270 камондор аз 27 кишвари ҷаҳон дар риштаҳои “рекерв” ва “компаунд”, аз 21-ум то 26-уми март баргузор мешавад.