Баргузории гиромидошти Наврӯз дар мақарри Созмони милал дар Вена
Маросими бузургдошти Рӯзи байналмилалии Наврӯз ба ҳиммати намояндагии доими Эрон дар Созмони милали муттаҳид, бо ҳузури ҷамъи зиёде аз сафирону намояндагони кишварҳои мухталиф баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, кишварҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон , ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳинд, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Туркия дар барномаи имсоли Рӯзи байналмилалии Наврӯз ширкат доштанд.
Дар ин маросим Ризо Наҷафӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Вена ба намояндагӣ аз кишварҳои ширкаткунанда, зимни табрики Наврӯз бар аҳамияти он ба унвони намоди ҳаёт, зебоӣ, ваҳдат, сулҳу дӯстӣ миёни миллатҳо таъкид кард.
Ризо Наҷафӣ зимни ишора ба Наврӯз ба унвони зеботарин ҷашни табиат, ки навидбахши умеду сарсабзӣ ва баромадани баҳор аст гуфт: “Наврӯз намоди эътидол, сулҳ, гармӣ, фаровонӣ, нуру зиндагӣ ба шумор меравад.
Наҷафӣ ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, миллатҳои мухталиф бо илҳом аз Наврӯз ва баракоти он, барои ҳокимияти сулҳу ҳақиқат бакӯшанд.
Дар ин маросим ҳамчунин Юрий Федотов, мудири кулои дафтари Созмони милал дар Вена дар суханоне зимни ишора ба аҳамияти ин муносибати торихӣ дар густариши сулҳу дӯстӣ миёни миллатҳо, собиқаи эъломи ин рӯз аз сӯйи Маҷмаи умумии Созмони милал ба унвони Рӯзи байналмилалии Наврӯзро шарҳ дод.
Иди Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст, аммо дар 9 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин ном “Наврӯз” дар тақвими расмияшон таътил аст.