Март 27, 2017 09:02 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури исломии Эрон ба Русия

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон ба даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз ба Маскав сафар мекунад.

Ба гуфтаи мақомоти Русия, раисҷумҳури исломии Эрони 28 март бо раисҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Қарор аст, дар ин дидор, ба қарордодҳои бузурги энержӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи вижае шавад .

Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳам рӯзи якшанбе дар бораи сафари Рӯҳонӣ ба Русия изҳор кард: Дар ҷарёни сафари раисҷумҳури Эрон ба Маскав беш аз 10 санаду ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳавзаҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ, роҳу шаҳрсозӣ, фанноварӣ ва иртиботот, нерӯ ва энержӣ ва стандарт ва варзиши имзо хоҳад шуд.

Қосимӣ тасреҳ кард: Эрону Русия аз тавонмандӣ ва зарфиятҳои бисёре барои иртиқои муносибот бархурдор ҳастанд ва сарони ду кишвар ҳам иродаи лозимро барои афзоиши равобит, густариши ҳамкориҳо ва иртиқои муносибот дар ҳамаи заминаҳо доранд .

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи амрикоии “Вашингтони Пост” низ дар бораи равобити Теҳрону Маскав навишт: Сафари раисҷумҳури исломии Эрон ба Маскав нишондиҳандаи аҳаммияти Эрон барои Русия аст .

 

Барчасп