Март 27, 2017 19:08 Asia/Dushanbe

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар садри ҳайати олирутба бо даъвати Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ин кишвар сафар кардааст, вориди фурудгоҳи «Внуково»-и Маскав шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вуруд ба Маскав мавриди истиқболи муовини вазири умури хориҷии Русия, сафири Эрон дар Маскав ва сафири Русия дар Теҳрон қарор гирифт.

Қарор аст, Рӯҳонӣ шаби Душанбе дар шоми зиёфати Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия ширкат кунад.

Баргузории маросими истиқболи расмӣ аз раисҷумҳури Эрон бо ҳузури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, гуфтугӯи дуҷониба, музокироти ҳайатҳои олирутба бо раёсати раисҷумҳурҳои ду кишвар ва имзои даҳҳо санади муҳим аз барномаҳои Рӯҳонӣ дар рӯзи сешанбе дар Маскав аст. Яке аз ин аснод марбут ба тавофуқи Эрону Русия барои лағви раводиди гурӯҳҳои гардишгарии панҷ то 50-нафара аст, ки метавонад заминасози барномарезӣ барои оғози музокирот бо ҳадафи ҳазфи комили он бошад. Дар сафари Рӯҳонӣ ба Маскав нақшаи роҳи тавсеаи равобити Ҷумҳурии Исломии Эрону Русия низ матраҳ хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Эрон субҳи сешанбе ба Донишгоҳи давлатии Маскав хоҳад рафт, то зимни суханронӣ дар ҷамъи устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ унвони "Доктори ифтихорӣ"-и ин донишгоҳро дарёфт кунад.

 

Барчасп