Март 29, 2017 08:45 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи муштараки раисони ҷумҳури Эрон ва Русия

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар поёни дидору музокироти худ дар кохи Кремлин баёнияи муштараке дар заминаи афзоиши ҳамкориҳо мунташир карданд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, баёнияи муштараки раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия бо унвони «Пеш ба сӯи ҳамкориҳои ҷомеи роҳбурдӣ» дар баргирандаи роҳкорҳои пешбинишуда барои афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф аст .

Бар асоси ин баёния, Эрону Русия пайбандии худро ба бардоштани гомҳои ҷадид барои иртиқои сатҳи равобит ва густариши ҳамкориҳои ҷомеи роҳбурдӣ ва густариши ҳамкорӣ дар чорчуби Созмони милали муттаҳид ва дигар маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ эълом карданд .

Дар баёнияи муштараки Эрону Русия бар эҳтиром ба истиқлол, ваҳдат, ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия таъкид шуда ва ду кишвар аз иқдомоту талошҳои давлат, артиш ва нерӯҳои мардумии Сурия дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ эъломи ҳимоят карданд .

Теҳрону Маскав ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз истимрори ҷанги вайронкунанда дар Яман, таваққуфи ҳарчи сареътари даргирӣ ва лузуми ҳалли буҳрон аз тариқи сиёсӣ ва дар чорчуби гуфтугӯҳои дохилиро хостор шуданд .

Раисони ҷумҳурии Эрону Русия ҳамчунин ба манзури таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, барои густариши ҳамкориҳо дар ин манотиқ бо мушорикати кишварҳои минтақа эъломи омодагӣ карданд .

Раисҷумҳури Эрон асри рӯзи душанбе ба даъвати ҳамтои руси худ вориди Маскав шуд ва дирӯз бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ кард .

 

Барчасп