Март 29, 2017 16:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳаҷми мубодилоти Эрону Русия ба 10 миллиард доллар мерасад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Эрону Русия тасмим доранд, ҳаҷми мубодилоти бозоргонии солонаи худро ба 10 миллиард доллар расонанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ дар охирин барномаи сафари кории худ ба Русия, пеш аз сафар ба Теҳрон дар ҷамъи эрониёни муқими Русия дар Маскав тақвияти беш аз пеши равобити Эрону Русияро ба нафъи мардуми ду кишвар ва минтақа шумурд. Рӯҳонӣ бо ишора ба раванди рӯ ба рушди равобити Теҳрону Маскав дар се соли гузашта афзуд, дар ин сафар бо таваҷҷуҳ ба сатҳи болои равобити ду кишвар рӯйи лоиҳаҳои чандмиллиарддолларӣ тавофуқ шудааст.

Бар асоси омор, ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрону Русия дар соли 2016 бо афзоиши 70 дарсад нисбат ба соли 2015 ҳудудан ба ду миллиарду 200 миллион доллар расид.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри рӯзи душанбе бо даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Маскав сафар кард ва имрӯз ба Теҳрон баргашт.

 

Барчасп