Март 30, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Баҳроми Қосимӣ-cухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон
    Баҳроми Қосимӣ-cухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи поёнии нишасти сарони Иттиҳодияи араб дар Урдун гуфт: Иттиҳодияи араб дӯсту душманро иштибоҳ нагирад ва ба хатарот ва душманони муштарак бипардозад.

Ба иттилои идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ рӯзи панҷшанбе зимни ибрози таассуф ва нохурсандӣ аз такрори бархе иддаоҳои беасос алайҳи Эрон дар нишасти Иттиҳодияи араб таъкид кард, ҷумҳурии исломии Эрон ниёзе ба дахолат дар умури дохилии дигар кишварҳо надорад ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва мудохила накардан, сиёсати ҳамешагии Эрон аст .

Қосимӣ афзуд: Бархе сарони арабӣ ва исломӣ ба ҷои пардохтани ҷиддӣ ба муҳимтарин муъзалоти минтақа ва ҷаҳони ислом ва хатароти муштараке, ки тамомии кишварҳои исломиро таҳдид мекунад, дар ташхиси дӯсту душман дучори хато шудаанд .

Баҳроми Қосимӣ ҳамчунин гуфт: Муқовимат, мубориза ва дифоъ дар баробари мутаҷовиз, ҳамчунон умеди ҷаҳони ислом барои озодии Фаластин ва Қудси шариф аст ва барои ҳамеша зинда хоҳад монд .

Сарони кишварҳои арабӣ рӯзи чаҳоршанбе дар поёни нишасти якрӯзаи Иттиҳодияи араб дар Урдун эълом карданд, омодагии барқарории "Оштии торихӣ" бо режими саҳюнистиро доранд, ба шарти онки ин режим аз сарзаминҳои фаластинии ишғолшуда дар ҷанги соли 1967 ақабнишинӣ кунад .

Ин эъломи омодагӣ ба маънои даст кашидан Иттиҳодияи араб аз бахшҳое аз сарзамини Фаластин аст, ки режими саҳюнистӣ дар фосилаи солҳои 1948 то 1967 ишғол кардааст .

 

Барчасп