Март 31, 2017 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи нахустин тарабхонаи ҳавоии Эрон дар Машҳад (акс)

Нахустин тарабхонаи ҳавоии Эрон дар деҳкадаи Шондизи Машҳад, дар устони Хуросони Разавии Эрон ба баҳрабардорӣ расид.

Нахустин тарабхонаи ҳавоии Эрон 6,5 тонна вазн дорад ва то 80 метр боло меравад. Дар ин тарабхона дар як навбат ҳудудан ба муддати як соат аз 28 нафар пазироӣ мешавад. Тарроҳӣ ва сохтани тарабхонаи ҳавоӣ дар Шондиз ба таври комил ба дасти мутахассисони эронӣ анҷом шуда, он тавлиди миллӣ маҳсуб мешавад.

Саиди Ширкаванд, муовини тавсеаи сармоягузорӣ ва барномарезии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон шаби панҷшанбе дар маросими ифтитоҳи ин тарабхонаи ҳавоӣ бо ишора ба номгузории соли 1396-и хуршедӣ аз сӯи Раҳбари муаззами инқилоб ба номи Соли иқтисоди муқоваматӣ: тавлид-иштиғол гуфт, саноати гардишгарӣ дар Эрон бояд дар чорчӯби ифтитоҳи ҷойҳои нави корӣ нақш ифо кунад ва ба маънои воқеӣ бояд дар масири тавлид ва даромадзоӣ гом бардорад. Ӯ афзуд, бо фароҳам овардани шароити сафар ва сайёҳӣ дар Эрон сохторҳои сайёҳӣ дар чорчӯби афзоиши тавлиду ифтитоҳи ҷойҳои корӣ густариш хоҳад ёфт.

Image Caption
Image Caption

 

 

Барчасп