Апрел 03, 2017 16:11 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон такя ба раъйи мардум дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз мардуми Эрон барои ҳузури пуршӯр дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳр ва русто, дар рӯзи 19-уми май даъват кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе дар дидори наврӯзӣ, бо ҷамъе аз мудирони дастгоҳҳои мухталифи иҷроии Эрон, мушорикати густурдаи мардумро дар интихобот, сабаби тақвияти ҷойгоҳи Эрон дар арсаи байналмилалӣ донист ва гуфт, мо ба думболи баргузории интихоботи пуршӯр, бошукӯҳ ва ҳамроҳ бо ахлоқ ва рақобат дар кишвар ҳастем ва на интихоботе ҳамонанди бархе кишварҳо, ки бо беохлоқӣ ва тахриб ҳамроҳ бошад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, интихобот калиди ҷумҳурият ва мардумсолорӣ ва аз мабонии машрӯъият аст.

Вай гуфт, Эрон муттакӣ ба раъйи мардум ва интихобот аст ва аҳдофи баланди миллати кишвар аз ин тариқ бароварда мешавад.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар Эрон, 19 майи 2017 баргузор мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори мудирони дастгоҳҳои иҷроии Эрон, ҳамчунин талош барои тавлид ва эҷоди шуғлро вазифаи динӣ, миллӣ ва инқилобӣ хонд ва аз талоши давлат дар соли 1396 ҳиҷрии хуршедӣ, барои эҷоди беш аз 700 ҳазор шуғл хабар дод.

 

Барчасп