Апрел 04, 2017 15:03 Asia/Dushanbe
  • Беш аз се миллион доллар маблағи фарши ба Чин содиршуда мебошад.
    Беш аз се миллион доллар маблағи фарши ба Чин содиршуда мебошад.

Раиси Маркази миллии фарши Эрон гуфт, Чин, ки дар чанд соли гузашта рақиби Эрон дар бозори ҷаҳонии фарш буд, имрӯз ба яке аз 10 кишвари аслии воридкунандаи фарши дастбофи Эрон табдил шуда аст.

Ҳамиди Коргар, раиси Маркази миллии фарши Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо ишора ба афзоиши содироти фарши дастбофи эронӣ ба Чин изҳор дошт, аз марти 2016 то январи 2017 беш аз панҷ ҳазору 243 тон фарши дастбоф ба арзиши беш аз 321 миллион доллар аз Эрон ба кулли бозорҳои ҳадаф содир шуда, ки аз ин миқдор беш аз се миллион доллар ба Чин содир шудааст.

Ҳамиди Коргар бо баёни ин ки Чин замоне яке аз руқабои қудратманди фарши дастбофи Эрон ба шумор мерафт, афзуд: Заминаҳои тавлидии Чин дар солҳои гузашта аз колоҳое монанди фарши дастбоф ба ҳавзаҳои дигаре монанди электроникс ва мушобеҳи он рафтааст, ба ҳамин далел дигар Чин рақиби Эрон дар фарши дастбоф несту ҳатто метавонад дар солҳои оянда нақше фаротар аз Амрикоро барои фарши дастбофи эронӣ бозӣ кунад”.

Раиси Маркази миллии фарши Эрон таъкид кард, аз марти 2016 то январи 2017 беш аз 80 миллион доллар аз 321 миллион доллар ба таври мустақим ба Амрико содир шудааст.

Фарши дастбофи эронӣ ба далели танаввуи ранг, кайфияту навъи гиреҳҳои бакоргирифташуда дар бофти он, ба унвони як маҳсули арзишманди ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

 

Барчасп