Апрел 09, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ дар рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон
    Суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ дар рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ дар Эрон

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Фанноварии ҳастаӣ барои Эрон як зарурат аст ва таъкиди раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар идомаи ин фанноварӣ, таъкид ва исроре дуруст ва ба ҳақ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросими рӯзи миллии фанноварии ҳастаии Эрон дар Теҳрон афзуд: Ҳунармандони дипломатия, шиори “Энержии ҳастаӣ ҳаққи мусаллами мост”-ро дар маҷомеи байналмилалӣ ба курсӣ нишонданд .

Рӯҳонӣ иҷрои 42 тарҳи ҳастаӣ дар тӯли як соли гузаштаро натиҷаи мудирияти инқилобӣ донисту тасреҳ кард: Бо мудирияти илмӣ, инқилобӣ ва басиҷӣ, энержии ҳастаӣ дар бахшҳои мухталифи зиндагии мардуми Эрон бурузу зуҳур кардааст .

Вай афзуд: Бархе кишварҳои ҷаҳон дар соли 2003 мехостанд, ба баҳонаҳои мухталиф, фанноварии ҳастаиро аз Эрон бигиранд, аммо бо истодагӣ муқобили қудратҳои ҷаҳонӣ, парвандаи ҳастаии Эрон дар ин сол аз Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид нарафт, ки ин мавзъ, аввалин пирӯзии миллати Эрон дар баробари Амрико буд .

Раиси қувваи муҷрияи Эрон ҳамчунин бо интиқод аз ҳамлаи Амрико ба Сурия гуфт: Дар ҷаҳони беқонун ва дорои стандартҳои дугона, Амрико бидуни муҷаввизи Созмони милал ва Шӯрои амният ба худ ҳақ медиҳад, ба кишваре мустақил дар минтақаи ҳассоси Ховари Миёна ҳамла кунад .

Раисҷумҳури Эрон бо ибрози таассуф аз ҳимояти бархе аз кишварҳои минтақа аз Амрико дар ҳамла ба Сурия, ба ин кишварҳо ҳушдор дод, навбат ба худи онҳо ҳам хоҳад расид .

 

Барчасп