Апрел 10, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Ҳамлаи Амрико ба Сурия хатои роҳбурдӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба ҳамлаи Амрико ба Сурия гуфтанд, ҷиноят, таҷовуз ва тахатӣ (аз ҳадд гузарондан) комилан аз амрикоиҳо бармеояд ва дар нуқоти дигари ҷаҳон низ ин корҳоро кардаанд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар дидори наврӯзии фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар арзёбии иқдоми ахири Амрико дар таҳоҷуми низомӣ ба Сурия, афзуданд, коре, ки амрикоиҳо карданд, иштибоҳ ва хатое роҳбурдӣ аст ва онҳо дар ҳоли такрори хатои гузаштагони худ ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд, масъулони қаблии Амрико, ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд ё ба он кумак карданд ва масъулони кунунии Амрико низ дар ҳоли тақвияти ДИИШ ё гурӯҳе назири он ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ин, ки хатари ин гурӯҳҳо дар оянда гиребони амрикоиҳоро хоҳад гирифт афзуданд, Аврупо имрӯз ба хотири ғалате, ки дар тақвияти такфириҳо анҷом дод, гирифтор аст ва мардум дар хона ва хиёбон амният надоранд ва Амрико низ дар ҳоли такрори ҳамон ғалат аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, Эрон нишон додааст, ки бо корҳои ғалат, аз майдон бадар намеравад, мардум ва масъулоне, ки ба инқилоб эътиқод доранд бо таваккул бар Худо, муқобили таҳдидҳо ақиб наменишинанд, зеро агар бино бар ақибнишинӣ буд, имрӯз Эрон дучори дармондагӣ ва варшикастагии рӯҳӣ ва тамаддунӣ шуда буд.

Фармондеҳи муаззами кулли қувои Эрон, ҳамчунин бо ишора ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи давлатҳои ғарбӣ аз Садом дар ҷанги таҳмилӣ афзуданд, давлатҳои риёкори аврупоӣ, ки имрӯз дар қазияи Сурия муддаии истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ ҳастанд, дар замони ҷанги таҳмилӣ, харворҳо силоҳи кимиёвӣ ба Садом доданд, то ӯ бо ин силоҳҳо ба ҷабҳаҳои Эрон ва манотиқи Сардашти Эрон ва Ҳалабча ҳамла кунад.

 

Барчасп