Оғози сабти ном аз довталабони интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз фардо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i15578-Оғози_сабти_ном_аз_довталабони_интихоботи_раёсатҷумҳурии_Эрон_аз_фардо
Раиси Ситоди интихоботии Эрон гуфт, сабти ном аз довталабони 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз фардо (сешанбе) ба таври расмӣ, оғоз хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2017 08:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози сабти ном аз довталабони интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз фардо

Раиси Ситоди интихоботии Эрон гуфт, сабти ном аз довталабони 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз фардо (сешанбе) ба таври расмӣ, оғоз хоҳад шуд.

Ба гузориши рӯзи душанбе хабаргузории Садо ва симо, Алиасғари Аҳмадӣ- раиси Ситоди интихоботи Эрон, эълом кард, довталабон аз рӯзи сешанбе то панҷ рӯз (15 апрел) барои сабти ном дар 12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон мӯҳлат доранд.

Аҳмадӣ афзуд, довталабоне, ки тибқи қонун, воҷиди шароити сабти ном дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳастанд, барои сабти ном ҳатман бояд ба ин ситод мустақар дар вазорати дохилӣ муроҷиа кунанд.

12-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар Эрон, 19 майи 2017 баргузор хоҳад шуд.