Апрел 10, 2017 15:02 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳамалоти террористии ахир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки терроризм ба нафъи ҳеч кишвар нахоҳад буд.
    Рӯҳонӣ: Ҳамалоти террористии ахир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки терроризм ба нафъи ҳеч кишвар нахоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия гуфт, ин ҳамла барои ҷуброни шикасти террористҳо дар Сурия буд ва онҳоро барои идомаи ҷиноёташон дар ин кишвар ташвиқ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, бо баёни ин ки ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия бо ҳуқуқи байналмилал созгор нест, таъкид кард, ин ҳамла ба музокироти сулҳи Сурия осеб зад ва тақвияти гурӯҳҳои террористиро муҷиб шуд.

Вай афзуд: Ҳамалоти террористии ахир дар манотиқи мухталифи ҷаҳон нишон медиҳад, ки терроризм ба нафъи ҳеч кишвар, ҳатто ҳомиёни онҳо нахоҳад буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд, агар кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ бо ҳузури кишварҳои бетараф барои баррасии мавзӯи бакоргирии силоҳҳои кимиёӣ дар Сурия ташкил шавад ва натоиҷи он ин бошад, ки террористҳо аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд, Амрико чӣ посухе ба ҷомеаи байналмилал хоҳад дод.

Рӯҳонӣ ҳамчунин дар бораи ояндаи Сурия хотирнишон кард, буҳрони Сурия роҳи ҳалли сиёсӣ дорад ва сарнавишти ин кишварро мардуми Сурия таъйин мекунанд.

 Вай бо ишора ба баргузории ншстҳое барои ҳалли буҳрони Сурия, ибрози умедворӣ кард, сулҳи пойдор дар ин кишвар барқарор шавад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Эрон аз қурбониёни аслии силоҳи кимиёӣ аст, тасреҳ кард, Эрон истифода аз силоҳи шимиёӣ тавассути ҳар гурӯҳ ва ҳар касеро маҳкум мекунаду муътақид аст аз силоҳи шимиёӣ набояд истифода шавад.

 

Барчасп