Апрел 11, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Авлавияти Эрон густариши равобит бо кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, густариши равобит бо кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар (шимол Эрон), бахусус Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар авлавияти барномаҳои Ҳукумати Эрон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, 43 тарҳу лоиҳа дар устони Мозандарон (шимол Эрон) бо эътибори 33 ҳазору 800 миллиард риёл ва корофаринӣ барои 7 ҳазору 262 нафар рӯзи сешанбе бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати видеоконфронс ифтитоҳ ва ё амалиёти иҷрои онҳо оғоз шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ зимни ифтитоҳи ин лоиҳаҳо дар Сорӣ, маркази вилояти Мозандарон бо баёни ин ки дар соли 1395-и ҳиҷрии шамсӣ мизони равобити тиҷории Эрон бо Русия дар муқоиса бо соли пеш аз он ҳудуди 80 дарсад афзоиш ёфтааст, тасреҳ кард, бо эҷоди зерсохтҳои ҷадид дар бандари «Амиробод»-и устони Мозандарон ин равобит афзоиши бештаре хоҳад дошт. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо баёни ин ки равобити тиҷории Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоли густариш аст, афзуд, дар солҳои оянда шоҳиди рушди бештари равобити тиҷории ду кишвар хоҳем буд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо таъкид бар ин ки бо эҷоди минтақаи озоди тиҷорӣ миёни кишварҳои Авруосиё равобити Эрон бо ин кишварҳо дучори таҳаввули хубе шудааст, хотирнишон кард, ба зудӣ бо бастани қарордод миёни Эрон ва кишварҳои Авруосиё Эрон дар ҳавзаи содирот шоҳиди таҳаввули хубе хоҳад буд.

Раисҷумҳури Эрон субҳи имрӯз, сешанбе барои сафари якрӯза ва ифтитоҳи чандин тарҳи ободонӣ вориди фурудгоҳи «Дашти ноз»-и шаҳри Сории устони Мозандарон шуд.