Апрел 11, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози номнависии номзадҳои интихоботӣ дар Эрон

Номнависии довталабони интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон аз субҳи имрӯз, сешанбе дар Ситоди интихоботи кишвар дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, сабти номи довталабони интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон аз имрӯз, сешанбе 22-юми фарвардин, 11 апрел оғоз ва то рӯзи шанбе, 26-уми фарвардини соли ҷории ҳиҷрии шамсӣ (15 апрел), ба муддати панҷ рӯз, аз соат 8 то 18 дар маҳалли Вазорати кишвар анҷом мепазирад.

Бар асоси асли 115-и Қонуни Асосӣ ва моддаи 35-и Қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, мардони мазҳабӣ ва сиёсие, ки воҷид шароитанд, эрониасл ҳастанд, шаҳрвандии Ҷумҳурии Исломии Эронро доранд, мудаббиру мудиранд, ҳусни собиқа, амонату тақво доранд, муъмину муътақид ба мабонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мазҳаби расмии Эрон мебошанд, шахсан ё аз тариқи муаррифии намояндаи том-ул-ихтиёр метавонанд ҷиҳати эъломи довталабӣ ва такмили пурсишнома ба Ситоди интихоботи кишвар дар Теҳрон муроҷиат кунанд.

Интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ ҳамзамон бо интихоботи панҷумин давраи шӯроҳои исломии шаҳру русто ва нахустин интихоботи миёндавраии даҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ 29-уми урдибиҳишт, 19-уми майи соли 2017 баргузор мешавад.

 

Барчасп