Зариф: Ҳамлаи Амрико ба Сурия ғайри қобили қабул аст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани ҳамлаи Амрико ба Сурия гуфт: Ин ҳамла ғайри қобили қабул аст.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонии Анҷелино Алфано, вазири умури хориҷаи Италия, бо ғайри қобили қабул донистани ҳамлаи Амрико ба Сурия ба баҳонаи воҳии ҳамлаи химиявӣ, бар ташкили кумитаи ҳақиқатёб барои кашфи омилони ин фоҷеа ва ҷилавгирӣ аз такрори он таъкид кард .
Анҷелино Алфано, вазири хориҷаи Италия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ бо Зариф табодули назар кард .
Алфано ҳамчунин Зарифро дар ҷарёни ройзаниҳо ва мусавваботи нишасти вузарои хориҷаи Гурӯҳи ҳафт, ки ахиран дар Италия баргузор шуд, қарор дод .
Артиши Амрико бомдоди ҷумъаи гузашта пойгоҳи ҳавоии Алшаиротро дар устони Ҳимси Сурия мушакборон кард .