Апрел 14, 2017 18:32 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Таҷовузи Амрико ба Сурия хилофи қавонини байналмилалӣ аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, иқдомоти таҷовузкоронаи Амрико дар Сурия хилоф ҳама қавонини байналмилалӣ аст.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом Козими Сидиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон ба таҷовузи ахири Амрико ба хоки Сурия бо иддаои исботнашудаи истифодаи давлати Димишқ аз силоҳи кимиёӣ ишора карда гуфт, иқдоми якҷониба, дадманишона ва бидуни муҷаввизи Амрико хилофи урфу қавонини байналмилалӣ аст ва кишварҳои ҷаҳон бояд монеи идомаи ин гуна таҷовузгариҳо шаванд. Сидиқӣ ҳамчунин таъкид кард, миллату нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба ҳар гуна таҷовузи эҳтимолии душман бо такя ба нерӯи имон, иқтидори миллӣ ва имконоти худ посухи мустаҳкаму пушаймонкунанда хоҳанд дод.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо интиқод аз сукути ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи идомаи таҷовузу ҷиноёти Арабистон ва ҳампаймононаш дар Яман гуфт, қатъан Оли Сауд ва ҳампаймононаш посухи куштори мардуми бегуноҳу мазлуми Яман ва идомаи сиёсати табдили Яман ба сарзамин сӯхтаро дарёфт хоҳанд кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бахши дигаре аз суханонаш ҳузури густурдаи мардуми Эронро дар интихоботи пешорӯи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру русто мояи иқтидори миллӣ ва ҳароси душманони миллати Эрон дониста гуфт, ширкати густурда дар интихобот ба маънои таҷдиди паймони миллати Эрон бо ормонҳои Инқилоби Исломӣ ва низоми ҷумҳурии исломӣ аст.

 

Барчасп