Апрел 14, 2017 20:45 Asia/Dushanbe

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон бо ҳузур дар ситоди интихобот ба унвони номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабти ном кард.

Имрӯз илова бар Ҳасан Рӯҳонӣ чанд чеҳраи шинохтаи дигар, аз ҷумла Сайид Иброҳим, раиси ҳайти идории Остони Қудси Разавӣ (мутаваллии ҳарами ҳазрати Имом Ризо дар Машҳад), Алирзо Зоконӣ, намояндаи пешини Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, Мустафо Кавокибиён, дабири кулли Ҳизби мардумсолорӣ ва намояндаи кунунии парлумон ва Оятуллоҳ Муҳсин Ғаравиён, узви Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум низ ба унвони довталаби интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон сабт ном карданд.

Рӯҳонӣ ҳангоми сабти ном дар суханроние таъкид кард, аз имрӯз ба баъд ҳифзи БАРҶОМ яке аз муҳимтарин масоили сиёсии дохилӣ ва иқтисодии миллати Эрон хоҳад буд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои исломии шаҳр ва русто 19 майи соли 2017 баргузор мешавад. Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи ёздаҳумини давраи раёсатҷумҳурии Эрон дар соли 2013 бо касби 18 миллиону 651 ҳазору 668 раъй ба унвони раисҷумҳури Эрон интихоб шуд. Сабти ном аз довталабони интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон аз рӯзи сешанбе, 11-уми апрел оғоз шуд ва рӯзи шанбе 15-уми апрел ба поён мерасад.

 

Барчасп