Зариф дар роҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i15836-Зариф_дар_роҳи_Осиёи_Марказӣ_ва_Қафқоз
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар садри як ҳайати сиёсӣ - иқтисодӣ ба се кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сафар мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 16, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Зариф дар роҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар садри як ҳайати сиёсӣ - иқтисодӣ ба се кишвари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз сафар мекунад.

Баҳроми Қосимӣ ба хабаргузории ИРНА, гуфт, сафари Зариф ба кишварҳои Туркманистон, Гурҷистон ва Қирғизистон рӯзи якшанбе оғоз мешавад.

Қосимӣ афзуд, беш аз 20 нафар аз фаъолони иқтисодӣ ва намояндагони ширкатҳо, вазири умури хориҷаи Эронро дар ин сафар, ҳамроҳӣ мекунанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ин сафар дар остонаи 25-умин солрӯзи истиқлоли ин кишварҳо ва 25-умин соли равобити сиёсии Эрон, бо онҳо анҷом мешавад.